Агентии обуҳавошиносӣ: ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои кишвар паст мегардад

Август 14, 2017 10:11

ДУШАНБЕ, 14.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 14 август дар бештари минтақаҳои кишвар ҳаво камабри тағйирёбанда дар назар аст. Дар баъзе ҷойҳо боридани борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ гардида, ҳарорати ҳаво рӯ ба пастшавӣ меорад.

Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Дар ғарби вилоят шабона 11-16 ва рӯзона 26-31 дараҷа гарм шуда, дар шарқи ҳамин вилоят гармии ҳаво шабона ба 4-9 ва рӯзона ба 15-20 дараҷа мерасад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр гашта, гармии ҳаво дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 33-38 дараҷаро ташкил медиҳад. Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани борон  дар назар аст. Ҳарорат шабона 15-20 ва рӯзона ба 30-35 дараҷа мерасад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат шабона ба 15-20 ва рӯзона ба 33-38 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона 16-18 ва рӯзона  35-37 дараҷаро ташкил  медиҳад.

 

Август 14, 2017 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст