Агентии обуҳавошиносӣ: гармии ҳаво дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон то охири моҳ боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 08.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 8 август дар бештари минтақаҳои кишвар ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо ҳарорати ҳаво ба 42 дараҷа мерасад.
Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр шуда, дар ғарби вилоят шабона 14-19 ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилояти Бадахшон гармии ҳаво шабона ба 7-12 ва рӯзона ба 20-25 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Хатлон гармии ҳаво дар водиҳо шабона 21-26 ва рӯзона 37-42 дараҷаро ташкил медиҳад. Ҳаво дар вилояти Суғд шабона 19-24 ва рӯзона 35-40 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона ба 17-22 ва рӯзона ба 36-41 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабр гашта, ҳарорат шабона 19-21 ва рӯзона 38-40 дараҷаро ташкил медиҳад.








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






