Агентии обуҳавошиносӣ: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе минтақаҳо боридани борон дар назар дошта шудааст
ДУШАНБЕ, 26.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 26 август, дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда ва боридани борон пешгӯӣ карда мешавад.
Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борон дар назар дошта шудааст. Дар ғарби вилоят шабона 9-14 ва рӯзона 26-31 дараҷа гармӣ дар назар дошта шуда, дар шарқи ҳамин вилоят гармии ҳаво шабона ба 0-5 ва рӯзона ба 15-20 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр гашта, гармии ҳаво дар водиҳо шабона 15-20 ва рӯзона 33-38 дараҷаро ташкил медиҳад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар бештари ноҳияҳо борон меборад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 14-19 ва рӯзона ба 31-36 дараҷа мерасад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона 12-17 ва рӯзона 32-37 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, шабона 13-15 ва рӯзона 34-36 дараҷа гарм мешавад.








Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






