Ҳаким Фузайлов ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистонро барои бозӣ бо дастаи Непал муайян кард

Август 31, 2017 14:19

ДУШАНБЕ, 31.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сармураббии дастаи  мунтахаби Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов 22 футболбозро барои омодагӣ ба бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 ба муқобили дастаи мунтахаби футболи Непал, ки 5 сентябр баргузор мешавад, даъват намуд. Ба ҳайати  дастаи  мунтахаб 22 футболбоз: 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 8 ниммуҳофизатгар ва 2 ҳамлавар шомил шудаанд.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» байни дастаҳои мунтахаби Непал ва Тоҷикистон 5 сентябр дар майдони Ассотсиатсияи футболи Непал дар шаҳри Катманду соати 15:00 ба вақти маҳаллӣ ( соати 14:15 ба вақти Душанбе) баргузор мегардад.

Август 31, 2017 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад