Ғалабаи «Помир» бар дастаи «Хуҷанд»
ДУШАНБЕ, 14.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар бозии марказии даври 16-уми Чемпионати Тоҷикистон дастаи футболи КМВА «Помир»-и Душанбе дар майдонаш дастаи футболи «Хуҷанд»-и Хуҷандро қабул кард. Вохӯрӣ хеле ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби 1:0 ба нафъи мизбонон анҷом ёфт.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, муаллифи голи ягонаи ин дидор ҳимоятгари мизбонон Фирдавс Чақалов гардид. Баъди ин пирӯзӣ дастаи футболи КМВА «Помир» бо касби 28 имтиёз мақоми дуюми ҷадвали мусобиқаи чемпионати мамлакатро соҳиб гашт.
Дастаи футболи «Хуҷанд» бо дарёфти 27 хол зинаи 3-юмро гирифт. Дар вохӯрии дигари даври мазкур дастаи футболи «Вахш»-и Қурғонтеппа бар дастаи футболи «Панҷшер»- и Ҷалолиддин Балхӣ бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






