«ҲАМНИШИНЕ БЕҲ АЗ КИТОБ МАХОҲ!..» Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» ба Рӯзи китоб бахшида мешавад

Август 29, 2017 09:43

ДУШАНБЕ, 29.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи китоб, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ 4 сентябр ҷашн гирифта мешавад,  дар ҷумҳурӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ!» баргузор мегардад.

Озмуни мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се давр миёни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, даври аввали озмун  моҳҳои май–июл дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои минтақаи Ҳисору Рашт ва шаҳри Душанбе баргузор гардида, баргузории даври дуюм  аз 11 то 28 сентябри соли равон дар назар дошта шудааст.

Даври  сеюми озмун 3-4 октябри соли 2017 дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар доир мешавад.

Ҳадафи Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» ҷалби кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб, эҳёи суннатҳои китобхониву китобдорӣ, бедор намудани майлу рағбат ба эҷодиёт, тарбияи насли наврас дар заминаи арзишҳои миллию умумибашарӣ мебошад.

Ҷамъбаст ва маросими туҳфасупорӣ ба ғолибони озмун 5 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Август 29, 2017 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст