«Асбобҳои мусиқӣ дар системаи санъати шашмақом» — дастур барои мусиқишиносон
ДУШАНБЕ, 19.08.2017. /АМИТ «Ховар»/ «Асбобҳои мусиқӣ дар системаи санъати шашмақом»- таҳти чунин унвон китоби нави номзади илмҳои санъатшиносӣ, омӯзгори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Мурод Эшонқулов ба табъ расид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Асар ба мавзӯи мубрам, яъне истифодаи асбобҳои мусиқӣ дар низоми санъати шашмақом бахшида шудааст. Дар китоб ҷабҳаҳои гуногуни асбобҳои миллии халқҳои Осиёи Марказӣ – тоҷикон ва ӯзбекон мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Муаллиф зимни ҷамъоварӣ ва омӯзиши маводи илмӣ оид ба намудҳо, тарзи омодасозӣ, истифода, оҳанг ва садои асбобҳои мусиқӣ, мисли танбӯр, дутору сетор маълумоти муфассалро пешкаши хонандагон кардааст. Инчунин дар асар истифодаи ин асбобҳо дар марҳилаи ҷории тамаддуни фарҳангӣ муайян карда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, китоб барои доираи васеи мусиқишиносон, мутрибон, донишҷӯён ва омӯзгорони мактабҳои олӣ ва миёнаи санъат, инчунин барои онҳое, ки ба мусиқӣ ва мавзӯи мазкур шавқу рағбат доранд, пешниҳод мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






