«ҶАВОНОН – ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!». Дар вилояти Суғд Форуми ҷавонони Тоҷикистон ба кори худ шуруъ намуд

Август 4, 2017 12:02

ДУШАНБЕ, 04.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тавре дирӯз хабар дода будем, дар вилояти Суғд Форуми ҷумҳуриявии намояндагони ҷавони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои мамлакат таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат» ба кори худ шурӯъ намуд. Аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки иштирокчиёни форум сараввал аз ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Истаравшан боздид намуданд. Сипас ҷавонон ба истироҳатгоҳи «20-солагии Истиқлолият»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов раҳсипор шуданд. Барномаи «Шоми ҷавонӣ» дар лагери  истироҳатӣ дар фазои дӯстона ва сатҳи баланд баргузор шуд.
Дар форуми мазкур, ки ба Соли ҷавонон бахшида шудааст, 150 нафар ҷавонон аз тамоми вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои кишвар ширкат доранд.

Дар доираи Форум барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, суҳбату вохӯриҳои сатҳи баланд, ҳамоишҳо, саёҳати иштирокчиён ба мавзеъҳои таърихию сайёҳии вилояти Суғд ва мусобиқаҳои варзишӣ доир карда мешаванд. Дар рӯзҳои Форум ҳамзамон баргузории конференсияи илмию назариявӣ дар мавзӯи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон» дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки Форуми ҷавонон бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Суғд роҳандозӣ гардида, то 6 август идома меёбад.

Суғд. Форуми ҷавон _2 Суғд. Форуми ҷавон _1 Суғд. Форуми ҷавон _3

 

Август 4, 2017 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад