Азонихудкунии қариб 150 ҳазор сомонӣ аз ҷониби муҳандис-сохтмончӣ ва сардори шуъбаи хоҷагӣ
ДУШАНБЕ, 28.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти марди 39-сола, муҳандис-сохтмончӣ ва сардори шуъбаи хоҷагии яке аз донишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд, ки бо гумони азонихудкунии 149 ҳазору 770 сомонӣ гумонбар мешаванд, хабар медиҳад.
Тавре аз ВКД ҶТ иттилоъ доданд, ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, муҳандис-сохтмончии яке аз донишгоҳҳои ин шаҳр бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд. Номбурда дар давраи фаъолияти кориаш аз соли 2015 то семоҳаи аввали соли 2017 бо маслиҳати пешакӣ бо собиқ сардори шуъбаи хоҷагӣ ва сохтмони донишгоҳи мазкур- марди 30-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, аз ваколатҳои мансабиашон суиистифода бурда, ба сохтакорӣ даст задаанд.
Номбурдагон ҳар моҳ табели кории якчанд нафар сохтмончии донишгоҳи мазкурро, ки баъзеи онҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия қарор доранд, бо роҳи сохтакорӣ, ки гӯё онҳо дар донишгоҳи мазкур ҳамчун сохтмончӣ фаъолият доранд, ба расмият дароварда, тавассути корти бонкӣ 149 ҳазору 770 сомониро, ки барои музди меҳнати сохтмончиён пешбинӣ шуда буд, аз они худ намудаанд.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






