«Барқчӣ» дар бозии мавқуфи даври 16-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол бар дастаи «Ҳосилот» пирӯз шуд

Август 31, 2017 15:25

ДУШАНБЕ, 31.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар бозии мавқуфмондаи даври 16-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ дастаи  футболи «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор дар майдони худ бо ҳисоби калони 5:1 бар дастаи  футболи «Ҳосилот»-и Фархор ғолиб омад.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз ҳайати дастаи ғолиб Шериддин Бобоев ва Тоҳир Малодустов ду голӣ ба  ҳадаф расониданд. Як тӯби дигарро Шаҳром Самиев вориди дарвозаи ҳарифон кард. Ягона голи меҳмононро Баҳром Изомов  ба нишон расонд.

Пас аз ин пирӯзӣ дастаи  футболи  «Барқчӣ» дар ҷадвали умумии мусобиқа имтиёзҳояшро бо дастаи футболи  «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода баробар намуда, мавқеи 4-умро ишғол кард.

Август 31, 2017 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад