Барномаҳои консертӣ дар Душанбе бо иштироки «Базморо», «Сомон» ва «Лола»

Август 19, 2017 10:11

ДУШАНБЕ, 19.08.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва Соли ҷавонон рӯзҳои истироҳатӣ  дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе барномаҳои консертӣ баргузор мегарданд. Сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе метавонанд  аз тамошои ин барномаҳо баҳра баранд.

Ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз, 19 август соати 19:00 дар майдони «Кӯли ҷавонон» барномаи консертии Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодӣ ва консертӣ, дар Боғи «Парчами давлатӣ» барномаи консертии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев ва дар «Боғи Ирам» барномаи ҳунарии Ансамбли «Базморо» манзури тамошобинон мегарданд.

Ҳамчунин сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе рӯзи якшанбе,  20 август, соати 19:00 дар «Боғи Рӯдакӣ» аз барномаи консертии Ансамбли тарона ва рақси «Сомон» ва дар «Кӯли ҷавонон» аз барномаи ҳунарии Ансамбли давлатии хизматнишондодаи «Лола» ба номи Ғ. Валаматзода баҳра бурда метавонанд.

Август 19, 2017 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе