Барои дарёфти стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон байни наврасону ҷавонон озмун баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 04.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. 2-3 августи соли равон дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои дарёфти стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон байни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ озмун баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе хабар доданд, имрӯз дар ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе низ чунин озмунҳо доир шуданд.
«Тибқи Низомнома довталабони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хонандагону донишҷӯёне мебошанд, ки рафтори намунавӣ ва эҳтироми хосса дар байни ҳамсинфон ва ҳамкурсон доранд, бо баҳои аъло ду соли охир таҳсил намуда, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд»,- иттилоъ доданд аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе.
Ҳамчунин бо мақсади дастгирии наврасону ҷавонони лаёқатманду аълохон дар доираи Соли ҷавонон мутобиқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 24 июни соли равон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе барои 200 (дусад) нафар, аз ҷумла 160 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва 40 нафар хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ стипендияи Раиси шаҳри Душанбе ва дар сатҳи ноҳияҳо стипендияи раисони ноҳияҳо таъсис дода шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






