Боздиди Пратибҳа Меҳта аз Парлумони Тоҷикистон

Август 25, 2017 16:44

ДУШАНБЕ, 25.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ дар Душанбе зимни мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пратибҳа Меҳта,  ҳамоҳангсози Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Ш. Зуҳуров доир ба ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон оид ба Стратегияи Миллии Рушди /СМР/ мамлакат барои то соли 2030 ва Барномаи рушди миёнамуҳлат то соли 2020 ҳамчун марҳилаи аввали мавриди иҷро қарор гирифтани СМР, уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон ва Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки Маҷмаи умумии СММ  соли 2015 қабул кардааст, ибрози назар намуд.

Раиси Маҷлиси намояндагон нақши муҳими Барномаи Рушди СММ-ро дар таҳияи ин ҳуҷҷати стратегӣ ва мусоидати бевосита ҷиҳати баргузории машваратҳои миллӣ вобаста ба муайян кардани афзалиятҳо баъди соли 2015 ва ҷонибдории гуруҳҳои  коршиносони миллӣ таъкид кард.

Зикр шуд, ки СМР-2030 дар асоси Консепсияи  Рушди устувори инсон таҳия шуда, он фарогири  масъалаҳои аз байн  бурдани сатҳи камбизоатӣ, гузаштан ба истеҳсолоти устувор, ҳифз ва истифодаи самарабахши манобеи табиӣ мебошад ва  ба унсурҳои асосии фаъолияти сиёсати иҷтимоиву иқтисодии кишвари мо  дохил гардидааст.

Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки Парлумони кишвар  дар пеш бурдани мақсадҳои Президенти мамлакат дар доираи Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки дар Паёми Сарвари давлат ба Парлумон зикр шудаанд, нақши муҳим мебозад. Самтҳои муайяншудаи иштироки Парлумон дар амалишавии СМР пояҳои муносибатҳои моро дар Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон  таҳким мебахшад. «Айни замон мо манфиатдорем, ки Барномаи Рушди СММ дар самтҳои афзалиятнок мутобиқи стратегияи кишвар, аз ҷумла оид ба масъалаҳои идоракунии самарабахши давлатӣ, рушди устувори иқтисодиву энергетикӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, иқлим ва таъмини устуворӣ ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ  мусоидат намояд», — иброз дошт ш. Зуҳуров.

Пратибҳа Меҳта  аз сатҳи ҳамкории Барномаи Рушди СММ бо Тоҷикистон дар тамоми заминаҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки имсол 25-солагии  оғози ҳамкориҳо бо  Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Таъкид гардид, ки дар амалӣ гаштани нақшаҳои рушди ҳазорсола ва иштироки Парлумон дар амалишавии Стратегияи миллии рушд  Маҷлиси намояндагон нақши калидӣ мебозад. Дар ин росто,  ҳамкории Барномаи Рушди СММ бо Тоҷикистон ба манфиати ҳар ду ҷониб мебошад.

 

Август 25, 2017 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Чин дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси аш — Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Агентии рушди сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо устодону донишҷӯён доир гардид
Ба омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон расонида шуд
Ба сокинони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ба сокинони Рашт нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистонро шарҳ дод
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон доир шуд