Далер ба ҳайати асосии дастаи мунтахаби Россия оид ба футбол шомил гардид

Август 17, 2017 11:13

ДУШАНБЕ, 17.08.2017./АМИТ «Ховар»/. Ниммуҳофизатгари тоҷиктабори дастаи “Зенит”-и Санкт — Петербург Далер Кузяев билохира ба ҳадафи худ ноил шуд: ин бозингари ҷавон ба ҳайати асосии дастаи мунтахаби Россия аз ҷониби сармураббӣ Станислав Черчесов даъват гардид.

Дар ин бора шабакаи телевизиони «Варзиш» бо истинод ба сомонаи championat.com хабар  дода, навиштааст, ки Далер метавонист дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозӣ кунад, зеро падараш Адам Кузяв дар Душанбе таваллуд шуда, ба воя расидааст, аммо Далер танҳо интизори даъват ба тими мунтахаби Россияро дошт.

Ба ҳайати асосии дастаи мунтахаби Россия пазируфтани Далер Кузяев аз рӯи адолат аст, зеро дар ҳайати “Зенит” ӯ аллакай 3 гол зада, як партофти головар анҷом додааст. Бояд зикр намуд, ки дар маҷмуъ Черчесов 14-футболбози навро ба тими мунтахаб даъват кардааст.

Руйхати ҳайати асосии дастаи мунтахаби Россия чунин аст:

Дарвозабонҳо: Андрей Лунёв («Зенит»), Александр Селихов («Спартак»), Андрей Синитсин («Краснодар»).

Ҳимоятгарон: Владимир Гранат, Руслан Камболов, Элмир Набиуллин (ҳама — «Рубин»), Вячеслав Караваев («Спарта» Чехия), Иля Кутепов («Спартак»), Роман Нойштедтер («Фенербахче» Туркия), Марио Фернандес (ССКА), Евгений Чернов, Виталий Шахов (ҳарду — «Тосно»).

Нимҳимоятгарон: Владислав Игнатев, Алексей Миранчук, Антон Миранчук, Дмитрий Тарасов (ҳама — «Локомотив»), Далер Кузяев («Зенит»), Магомед Митришев («Ахмат»), Павел Могилеветс («Ростов»), Магомед Оздоев («Рубин»), Вячеслав Подберёзкин («Краснодар»), Константин Рауш («Келн» Олмон), Дмитрий Стотский («Уфа»), Денис Черишев («Вилярреал» Испания).

Ҳамлагарон: Антон Заболотний (Тосно»), Владимир Илин («Урал»), Максим Канунников («Рубин»), Кирилл Панченко («Динамо»).

 

Август 17, 2017 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид