Дар доираи Лоиҳаи JDS 38 нафар хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил ба донишгоҳҳои Япония фиристонда шуданд

Август 4, 2017 10:21

ДУШАНБЕ, 04.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  зимни нишасти матбуотӣ  директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов иброз намуд, ки дар доираи ҳамкории байналмилалӣ Агентии хизмати давлатӣ дар самти таҳсил ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ тадбирҳои мушаххас меандешад.

Ба иттилои номбурда, дар асоси Қарордоди байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҳамкории байналмилалии Япония (JICE) оид ба хизматрасонӣ ҷиҳати идоракунии Лоиҳаи кумаки бебозгашт дар самти тайёр намудани кадрҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2016 давраи ниҳоии интихоби довталабони докторантура ва магистратураи донишгоҳҳои Япония баргузор гардид. Барои ба даст овардани бурсияҳо 41 нафар мутахассисон аз мақомоти давлатӣ иштирок намуда, 8 нафар ҷавонони лаёқатманд аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои кишоварзӣ, корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Хадамоти гумрук ва Бонки миллӣ барои   соли таҳсили 2017-2019 ба магистратура ва докторантураи Донишгоҳҳои Осиё ва Уқёнуси Ороми Ритсумейкан, Донишгоҳи Хиросима ва Донишгоҳҳои Япония интихоб шуданд.

«Аз соли 2009 то имрӯз дар доираи Лоиҳаи JDS 38 нафар хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил ба донишгоҳҳои Япония фиристода шуданд, ки аз ин теъдод 28 нафар магистратураи донишгоҳҳои Японияро хатм намуда, дар сохторҳои гуногуни давлатӣ барои  рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд»,- иброз дошт директори Агентии хизмати давлатӣ.

Август 4, 2017 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад