Дар Душанбе Ҳафтаи китоби Ҳиндустон оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 19.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Ҳафтаи китоби Ҳиндустон оғоз гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ин иқдом бо ташаббуси Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе ва Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон сурат гирифт.
Дар намоиши китобҳои ҳиндӣ Сафири Ҳиндустон дар Душанбе Сомнатҳ Гҳош ва дигар кормандони сафорат, аъзои Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон, олимон аз пажӯҳигоҳҳои Академияи илмҳо, устодону шогирдон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар ҳаводорони фарҳангу адаби Ҳинд ширкат намуданд.
Ҳафтаи намоиши китоби Ҳиндустон ба бузургдошти 70 – солагии Истиқлолияти Ҳиндустон ва 25–солагии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Ҳиндустон равона гардида, то 24 августи соли равон идома меёбад.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






