Дар Душанбе ҳаштумин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 24.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи дуюм аст, ки дар Корти тенниси тобистонаи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба шарафи 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Соли ҷавонон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар мусобиқа 80 нафар, аз ҷумла 27 духтар аз Тоҷикистон, Россия, Ӯзбекистон, Украина, Қазоқистон, Афғонистон ва Туркия иштирок доранд.
Зикр шуд, ки соли ҳаштум аст дар шаҳри Душанбе бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки варзишгарон аз давлатҳои хориҷӣ баргузор мегардад.
Дар доираи мусобиқа аз ҷониби масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Саидов, раиси Федератсияи тенниси Тоҷикистон бо унвони «Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», Наргизахон Яҳёева ва Анастасия Турсунова бо унвони «Устоди варзиши Тоҷикистон» қадрдонӣ гардиданд.
Ёдрас мешавем, ки мусобиқаи мазкур то 27 август идома меёбад.














Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






