Дар Душанбе аввалин ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 доир гардид

Август 3, 2017 16:57

ДУШАНБЕ, 3.08.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе аввалин ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 баргузор шуд. Ризо Назарзода, муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш — роҳбари гурӯҳи корӣ, Дилшод Назаров – муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш- муовини роҳбари гурӯҳи корӣ таъйин шуданд. Ба ҳайати гурӯҳи корӣ намояндагони Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, федератсияҳои варзишӣ ва мутахассисони соҳа ворид гардидаанд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, гурӯҳи корӣ бо фармоиши раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2017 бо мақсади омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 таъсис ёфт.
1501742075_93-alasai-guri-kor-olimpiada-2020-8Дар ҷаласа зикр шуд, ки гурӯҳи корӣ бо мақсади таъсис додани кумитаи тадорукоти омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020  созмон дода шудааст. Гурӯҳ тибқи нақшаи корӣ фаъолият намуда, варзишгарони беҳтаринро интихоб ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва федератсияву мактабҳои варзишӣ дар омодагии онҳо ба Олимпиадаи соли 2020 мусоидат мекунад.
Ризо Назарзода зикр кард, ки «баъд аз медали тиллои Дилшод Назаров дар Олимпиадаи Рио-2016 масъулияти мо ва варзишгарони мо бештар шудааст. Мо бояд дар олимпиадаҳои минбаъда Тоҷикистонро дар ҳамин сатҳ нигоҳ дорем».
Муҳаммадшо Абдуллоев, Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои дастгирии молиявии варзишгаронро аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ муаррифӣ кард. Зикр шуд, ки аз ҷумла барои омодагии варзишгарон ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 барномаи дастгирии молиявии варзишгарон, барномаи қитъавӣ барои варзишгарон, барномаҳои давраҳои омӯзишӣ барои доварону мураббиён омода  шудаанд. «Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 варзишгари беҳтарини ҷумҳуриро аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш интихоб ва барои дарёфти дастгирии молиявии КБО пешниҳод кард. Дар сурати тасдиқ шудани рӯйхат аз ҷониби КБО 17 варзишгари мо аз моҳи сентябри соли 2017 то сентябри соли 2020 ҷиҳати омодагӣ ба Олимпиадаи Токио-2020 аз дастгирии молиявӣ бархурдор мешаванд», — гуфт М. Абдуллоев.

Август 3, 2017 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад