Дар Душанбе барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис баргузор мешавад

Август 2, 2017 16:05

ДУШАНБЕ, 02.08.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 23 то 27 августи соли равон дар шаҳри Душанбе барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон доир мегардад.

Тавре котиби генералии Федератсияи тенниси Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мирҳусейн Яҳёев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар мусобиқаи мазкур наврасон аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Россия, Украина, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Туркия иштирок мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, омодагӣ ба мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб буда, синни иштирок дар мусобиқа барои писарон то 14 ва духтарон то 16    муайян шудааст.

Август 2, 2017 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид