Дар Душанбе семинар барои иштирок дар озмуни хизматрасонии нақлиёти автомобилӣ гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 30.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе семинар оид ба фаҳмондадиҳӣ ва пур кардани пешниҳодоти озмун барои пайдо кардани ҳуқуқи хизматрасонӣ бо нақлиёти автомобилӣ дар 2 хатсайри мунтазам амалкунандаи шаҳрӣ баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар семинар аз ҷониби коршиносон барои довталабон корҳои фаҳмондадиҳии ҳуҷҷатҳои озмун барои пайдо кардани ҳуқуқи хизматрасонӣ бо нақлиёти автомобилӣ дар хатсайрҳои мунтазам амалкунандаи шаҳрии №50 (Ҷамоати Чоряккорон-Терминали мусофирбарии ҶСП «Фароз» ва хатсайри №28 (маҳаллаи Зарафшон-КВД «Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед») гузаронида мешавад.
Хоҳишмандон метавонанд дар ин семинар, ки соати 15:00 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир мегардад, иштирок намоянд.








Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид






