Дар Душанбе семинар барои иштирок дар озмуни хизматрасонии нақлиёти автомобилӣ гузаронида мешавад

Август 30, 2017 10:35

ДУШАНБЕ, 30.08.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар  Душанбе семинар оид ба фаҳмондадиҳӣ ва пур кардани пешниҳодоти озмун барои пайдо кардани ҳуқуқи хизматрасонӣ бо  нақлиёти автомобилӣ дар 2 хатсайри мунтазам амалкунандаи шаҳрӣ баргузор мегардад. Дар ин бора  ба АМИТ “Ховар” аз  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар семинар аз ҷониби коршиносон барои довталабон  корҳои  фаҳмондадиҳии ҳуҷҷатҳои озмун барои пайдо кардани ҳуқуқи хизматрасонӣ бо нақлиёти автомобилӣ дар хатсайрҳои мунтазам амалкунандаи шаҳрии №50 (Ҷамоати Чоряккорон-Терминали мусофирбарии ҶСП «Фароз» ва хатсайри №28 (маҳаллаи Зарафшон-КВД «Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед») гузаронида мешавад.

Хоҳишмандон метавонанд дар ин семинар, ки соати 15:00 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир мегардад, иштирок намоянд.

Август 30, 2017 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд