Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Роғун маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуданд

Август 7, 2017 14:55

 РОҒУН, 07.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри фарҳанги шаҳри Роғун бо иштироки зиёда аз 700 нафар сокинону меҳмонон даври шаҳрии  Фестивал-озмуни телевизионии ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ «Бӯстон-2017»  баргузор гардид. Дар он   маҳсули ҳунарҳои мардумии халқу миллатҳои гуногун ба намоиш гузошта шуданд.

Роғун. Фестивал-озмуни телевизионии ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ _Бӯстон-2017Муовини раиси шаҳри Роғун Фирӯза  Файззода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки Фестивали «Бӯстон-2017» бо мақсади  эҳёи мероси фарҳангӣ ва дарёфти чеҳраҳои нав аз миёни ҷавонону наврасон дар ҷодаи  санъати рақс, сурудхонӣ, навозандагӣ, овозхонӣ, ҳаҷву  мутоиба  ва бадеҳахонӣ  гузаронида шуд.

Ҳакамон ба маҳорату ҳунарнамоии наврасону ҷавонони шаҳри Роғун  баҳои баланд дода, ба онҳо дипломҳои Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» тақдим  карда шуданд.

 

Август 7, 2017 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад