Дар Хатлон 700 кг маводи дорувории муҳлатгузаштаро нобуд карданд
ҚӮРҒОНТЕППА, 22.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Хадамоти давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Хатлон дар асоси муроҷиати роҳбарияти Беморхонаи дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон барои безарар гардонидани як миқдор маводи доруворӣ комиссияи махсус таъсис дод. Дар ин бора аз маркази матбуоти Хадамоти мазкур хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, сабаби нобуд кардани дорувор гузаштани муҳлати истифодаашон мебошад. Беморхона барои нобуд намудани 72 номгӯй ё 13 ҳазору 988 адад дору, ки вазни холисашон 700 кг-ро ташкил медиҳад, дархост пешниҳод намуд.
Ин миқдор маводи доруворӣ дар ҳузури комиссияи босалоҳият сӯзонида шуд.
Бояд гуфт, ки рохбарияти Беморхонаи дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон дар самти сари вақт безарар гардонидани маводи дорувории муҳлати истифодаашон гузашта бо Раёсати Хадамоти давлатии фаъолияти фармасевтӣ пайваста ҳамкорӣ менамояд.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






