Дар минтақаҳои Тоҷикистон сохтмони сардхонаҳо оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 3.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» дар доираи лоиҳаи тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ нақша дорад, ки барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзии деҳқонон дар ояндаи наздик бунёди сардхонаҳоро ба роҳ монад. Дар ин бора имрӯз директори ин муассиса Ҳабибулло Саъдуллоев зимни нишасти матбуотӣ дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» хабар дод.
Тавре Ҳабибулло Саъдуллоев баён дошт, «яке аз вазифаҳои муассиса, қабл аз ҳама, гузаронидани таҳлил ва муайян кардани мушкилоти дар самти соҳаи кишоварзӣ ҷойдошта ба шумор меравад. Ҳангоми таҳлилу баррасӣ аз ҷониби муассиса ба мо маълум гашт, ки яке аз мушкилоте, ки деҳқонони мо бо он рӯ ба рӯ мешаванд, ин мавҷуд набудани сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулот пас аз ҳосилғундорӣ мебошад. Дар лоиҳа сохтмони сардхонаҳо дар шакли хурд мавҷуд аст ва дар ояндаи наздик бунёди он дар назар дошта шудааст».
Иттилоъ дода шуд, ки минтақаҳои фарогири лоиҳа ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Хатлон ва Суғдро дарбар гирифта, лоиҳаи мазкур барои баланд бардоштани тиҷоратикунонии кишоварзӣ тавассути мустаҳкам намудани қобилияти шакли нави хоҷагиҳои деҳқонии хурди хусусӣ бо мақсади ҷалби онҳо ба фаъолияти тиҷоратӣ бо бахши агробизнес ва дастрасӣ ба бозорҳо пешбинӣ шудааст.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






