Дар ноҳияҳои Варзоб ва Ҳисор лоиҳаҳои бо об обтаъминкунӣ татбиқ мешаванд

Август 9, 2017 09:26

ДУШАНБЕ, 09.08.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ва бо маблағгузории ҷамъияти хайриявӣ ва корҳои башардӯстонаи «Ас-Салом»-и кувайтӣ 5 августи соли 2017  дар деҳаи Гулбоғи ноҳияи Варзоб ва деҳаи Уртабузи ноҳияи Ҳисор бо иштироки намояндаи ҷамъияти мазкур Абдуллоҳ Солиҳ аш-Шойиҷӣ маросими оғози корҳои баровардани оби нӯшокӣ  баргузор гардид.

Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ҳамчунин аш-Шойиҷӣ аз ҷараёни сохтмони бунгоҳи тиббӣ, ки дар деҳаи Гулбоғ бо маблағгузории ҷамъияти мазкур сохта мешавад, дидан намуд.

Лоиҳаҳои мазкур дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Ҷайҳун»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гардида, дар маҷмӯъ барои зиёда аз 50 ҳазор нафар аҳолӣ хидмат мерасонанд.

 

Август 9, 2017 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад