Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷаласаи 15–уми Шӯрои байнидавлатии ИДМ доир мешавад

Август 17, 2017 12:18

ДУШАНБЕ, 17.08.2017/АМИТ «Ховар»/. 14-15 сентябри соли равон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷаласаи 15-уми Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба бехатарии саноатӣ баргузор мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои оид ба таҳкими ҳамкорӣ байни сохторҳои марбут ба бехатарии саноати кишварҳои ИДМ матраҳ мегарданд. Бино ба иттилои манбаъ, ба ҳайати шӯро Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон  ва Украина шомиланд.

Шӯрои мазкур бо мақсади ҳалли масъалаҳои марбут ба бехатарии саноатӣ ва таъмини кафолати амнияти ҳаёт ва саломатии кормандоне, ки дар иншооти хатарнок кор мекунанд, инчунин ҳифзи аҳолӣ ва муҳити зист аз садамаҳои техногенӣ бо назардошти истифодаи самараноки таҷриба ва дастовардҳои илмию техникӣ  созмон ёфтааст.

 

Август 17, 2017 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе