Дар шаҳри Панҷакент Чемпионати Тоҷикистон оид ба шоҳмот оғоз шуд

Август 5, 2017 12:40

ДУШАНБЕ, 05.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Панҷакент бо ташаббуси  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панчакент  Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шоҳмот байни мардон ва бонувон оғоз ёфт.

Тавре ба АМИТ «Ховар» мудири бахши  кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Панҷакент Некрӯзи Муҳаммадсодиқ  хабар дод, дар чемпионати мазкур 24 нафар варзишгарон аз шаҳри  Панҷакент, вилоятҳои Бадахшон, Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок мекунанд.

Ба иттилои номбурда, дар шаҳри Панҷакент дастовардҳои  ин бозии  қадимӣ зиёд буда, борҳо дар ин шаҳр мусобиқаҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ гузаронида шудаанд.

Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шоҳмот байни мардон ва бонувон то 13 август идома ёфта, ғолибони он бо медал, сипоснома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент  қадрдонӣ мешаванд.

Август 5, 2017 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид