Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ду майдончаи варзишӣ бунёд гардид

Август 11, 2017 10:22

ДУШАНБЕ, 11.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бахшида ба Рӯзи варзишгарон ва Соли ҷавонон дар маҳаллаи «Садриддин Айнӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкори маҳаллӣ Маҳмадшариф Саъдуллоев ду майдончаи футболи хурд ба истифода дода шуд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии шаҳр хабар доданд, дар маросими кушодашавии майдончаҳои варзишӣ раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Абдуалим Исмоилзода, раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Ҷамолиддин Исматуллозода, сокинон ва роҳбарони маҳалла иштирок намуданд.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зикр намуд, ки барои тарбияи дуруст, тарғиби ҳаёти солим ва тансиҳат ба воя расидани насли имрӯза аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. «Ин майдоначаҳои варзишӣ туҳфа ба сокинони шаҳранд, то онҳо пайваста ба варзиш ва фароғату истироҳат машғул шаванд»,-изҳор намуд ӯ.

Ба иттилои манбаъ, майдончаҳои варзишӣ бо маблағи беш аз 1 миллиону 64 ҳазор сомонӣ сохта шуда, дорои ошхона, хуҷраи либосивазкунӣ, мағозаи варзишӣ ва чаҳор утоқи корӣ мебошанд.

Август 11, 2017 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад