Дар Тоҷикистон шаш қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фаъолият мекунад

Август 3, 2017 16:03

ДУШАНБЕ, 03.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти мабуотӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар шашмоҳаи  аввали соли равон 2 ҳазору 262 адад  муроҷиати шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст.
Ба гуфтаи номбурда, аз ин миқдор муроҷиат 130 адади он муроҷиати хаттӣ буда, бештар ба масъалаҳои муҳокимаи одилонаи судӣ, манзил, ҳуқуқи инсон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таъминоти иҷтимоӣ (алимент) вобаста мебошанд.
«Тибқи нақшаи корӣ мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар якҷоягӣ бо мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, тавқифгоҳҳои тафтишотӣ, тавқифгоҳҳои нигоҳдошти муваққатӣ, қисмҳои ҳарбӣ, хонаҳои маъюбон ва пиронсолон, мактаб-интернатҳо, мактаб-парастишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ санҷишу мониторинг ва боздид гузарониданд, ки ин яке аз муҳимтарин фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба ҳисоб меравад»,- иброз намуд Зариф Ализода.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло дар ҷумҳурӣ се Намояндагӣ ва шаш қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 12 нафар мутахассисони ботаҷриба кор мекунанд.

Август 3, 2017 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад