Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ду бозии дӯстона анҷом медиҳанд

Август 2, 2017 09:56

ДУШАНБЕ, 02.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футзал дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 бо дастаи мунтахаби Ӯзбекистон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳарду бозӣ рӯзҳои 5-6 август дар маҷмааи варзишии «Шоҳин»-и шаҳри Гулистони вилояти Суғд барпо мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки  мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 оид ба футзал дар гурӯҳи «В» аз 15 то 17 октябри соли равон дар шаҳри Табрези Эрон доир хоҳад шуд. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар ин гурӯҳ бо дастаҳои  миллии Афғонистону Эрон рақобат мекунад.
Хотиррасон менамоем, ки  мусобиқа бо бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Афғонистон ва Эрон 15 октябр оғоз меёбад. Дастаи  мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозиашро дар мусобиқаи интихобӣ 16 октябр ба муқобили дастаи  Афғонистон анҷом медиҳад.
Сабқати интихобӣ дар гурӯҳи «В» 17 октябр бо бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Эрон ва Тоҷикистон ба поён мерасад. Ду дастаи беҳтарини ин гурӯҳ ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки аз 6 то 18 феврали соли 2018 баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Бояд зикр кард, ки дастаи мунтахаби Ӯзбекистон, ки дар мусобиқаи охирини қаҳрамонии Осиё бо медалҳои нуқра мукофотонида шудааст, дар сабқати интихобӣ бо дастаҳои Қирғизистон, Туркманистон ва Непал рақобат мекунад.

Август 2, 2017 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад