Дастаи «Истиқлол» дар доираи бозиҳои даври 16-уми чемпионати мамлакат бар дастаи «Регар-ТадАЗ» пирӯз шуд
ДУШАНБЕ, 16.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар доираи бозиҳои даври 16-уми чемпионати мамлакат бо дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода рақобат намуд. Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дидори дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар доираи бозиҳои даври 16-уми мусобиқоти Лигаи олии мамлакат дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор сурат гирифта, бо ҳисоби 2:0 бар нафъи шогирдони Муҳсин Муҳаммадиев ба поён расид.
Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 82-юм Дилшод Восиев кушод. Баъд аз 3 дақиқа ҳуҷумкунандаи беҳтарини мавсим Манучеҳр Ҷалилов як маротибаи дигар дарвозаи ҳарифонро рахна сохта, ҳисобро 2:0 кард.
Бо ин пирӯзӣ дастаи футболи «Истиқлол» дар ҷадвали умумии мусобиқот мавқеи худро боз ҳам устувор намуд. Барои дарёфти 6-умин унвони қаҳрамони Тоҷикистон дастаи футболи «Истиқлол»-ро зарур аст аз 6 бозии интизорӣ танҳо 4 имтиёзи дигар ба даст орад.
Ёдовар мешавем, ки ин аввалин ғалабаи «Истиқлол» бар дастаи «Регар ТадАЗ» дар соли равон ба ҳисоб меравад.








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






