Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Дубай сафар мекунад

Август 29, 2017 15:42

ДУШАНБЕ, 29.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки моҳи октябри соли равон дар бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2018 иштирок мекунад, бо дастаи  мунтахаби футзали  АМА ду дидори дӯстонаи санҷишӣ баргузор мекунад.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин рақобатҳо 11-12 сентбяр дар шаҳри Дубай сурат мегиранд.  Пештар дар ин шаҳр шогирдони Ҳусейн Шодиев бо дастаҳои Туркия ва Ӯзбекистон ду дидори дӯстона анҷом дода буданд.

Хотиррасон мекунем, ки дар доираи бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2018 оид ба футзал, ки баргузориаш дар шаҳри Табрези Эрон дар назар аст, дастаи  мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои Афғонистон ва Эрон рақобат мекунад.

Август 29, 2017 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд