Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаҳои Россия ва Ӯзбекистон дар як гурӯҳ бозӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 18.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 3 то 9 сентябр дар шаҳри Алмаато мусобиқаи 10-уми анъанавии Ҷоми Президенти Қазоқистон миёни футболбозони 17- сола бо шумули 8 даста дар 2 гурӯҳ баргузор мегардад. Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, наврасони мо дар як гурӯҳ бо Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Россия барои баромадан ба даври нимфиналӣ талош хоҳанд кард. Ҳарчанд ин мусобиқа байни бозингарони то 17- сола сурат мегирад, вале ба гуфти намояндаи ҳайати даста Анваршо Мирзоев, танҳо наврасони 16-солаи мо шарафи Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки қаблан дастаи ҷавонони мо 4 маротиба дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ширкат карда, дар соли аввал мақоми сеюм ва соли гузашта зинаи дуюмро ишғол кард. Соли 2016 наврасони мо бозиҳоро дар марҳилаи гурӯҳӣ бо натиҷаи баланд ҷамъбаст карда, бар ҳарифони худ, чун Эрон, Россия ва Озарбойҷон дастболо шуданд.








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






