Дастаи мунтахаби наврасони Туркманистон аз иштирок дар Чемпионати Осиё-2018 даст кашид
ДУШАНБЕ, 25.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Туркманистон (U-16) аз иштирок дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2018, ки дар Тоҷикистон баргузор мегардад, даст кашид.
Тавре аз маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, бинобар сабаби даст кашидани дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Туркманистон (U-16) аз иштирок дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2018, Конфедератсияи футболи Осиё санаи баргузории ин мусобиқаро дар гурӯҳи «В» дигар кард. Ҳамин тавр, дар гурӯҳи «В» на 5 даста, балки 4 даста қувваозмоӣ хоҳанд кард. Марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2018 дар шаҳри Ҳисор аз 20 то 24 сентябри соли равон баргузор мешавад. Вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир мегарданд.
Дар мусобиқаи интихобӣ рақибони Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби наврасони Уммон, Сурия ва Молдив мебошанд.
Чемпионати Осиё-2018 байни наврасони то 16-сола дар даврҳои зерин мегузарад:
Марҳилаи интихобӣ. Гурӯҳи «В»
Даври 1
20 сентябр (чоршанбе)
16:00 – Уммон – Молдив
19:00 – Тоҷикистон – Сурия
Даври 2
22 сентябр (ҷумъа)
16:00 – Сурия – Уммон
19:00 – Молдив – Тоҷикистон
Даври 3
24 сентябр (якшанбе)
16:00 – Сурия – Молдив
19:00 – Уммон – Тоҷикистон








«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд






