ДИЛШОД НАЗАРОВ БА ФИНАЛИ ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ДАР ЛОНДОН РОҲ ЁФТ!

Август 10, 2017 09:51

ДУШАНБЕ, 10.08.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Шоми  дирӯз   варзишгари машҳури тоҷик Дилшод Назаров дар Чемпионати  ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки дар Варзишгоҳи олимпии Лондон ҷараён дорад, дар гурзандозӣ бо натиҷаи 75.54 метр мақоми шашумро касб карда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  сабқати интихобӣ оид ба гурзандозӣ бо ширкати 32 варзишгар дар ду гурӯҳ баргузор шуд. Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 75 метру 54 сантиметр ҳаво дод, ки ин нишондод дар гурӯҳи «А» натиҷаи панҷум аст. Вай аз рӯи натиҷагирии ҳарду гурӯҳ дар байни 32 нафар шашум шуд.

Рекорди инфиродии Дилшод Назаров 80 метру 71 сантиметр аст. Ӯ ба ин натиҷа 25 майи соли 2013 дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Ҳаллеи Олмон ноил шудааст.

Дар сабқати интихобӣ Войтсех Новитски аз Полша бо натиҷаи 76.85 метр мақоми аввалро касб кард. Ҳамватани ӯ Павел Фаҷдек бо натиҷаи 76.82 метр дуюм шуд. Бигот Қуентин (Франсия) бо натиҷаи 76.11 метр дар зинаи сеюм қарор гирифт.

Ба ин тартиб, 12 нафар беҳтарин гурзандозҳои ҷаҳон ба даври ниҳоӣ, ки шаби  11 август баргузор мешавад, роҳ ёфтанд. Ба ҷуз Войтсех Новитски, Павел Фаҷдек, Бигот Қуентин ва Дилшод Назаров, боз ҳашт нафари дигар – Павел Бареиша (Беларус, 75.98 м), Бенсе Ҳалаж (Венгрия, 75.56 м), Ник Миллер (Британияи Кабир, 75.52 м), Алексей Сокирский (варзишгари бетараф, 75.50 м), Сергей Марчиев (Молдова, 75.18 м), Валерий Пронкин (варзишгари бетараф, 75.09), Озкан Балтаси (Туркия, 74.69) ва Марко Лингуа (Италия, 74.41 м) ба финал баромаданд.

Дар даври ниҳоӣ навбати Дилшод Назаров, чемпиони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Браилия, ки таҳти шумораи 1318 рақобат мекунад, ҳаштум аст.

Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров дар мусобиқаи пешини Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки соли 2015 дар Пекини Чин баргузор шуда буд, гурзро ба масофаи 78 метру 55 сантиметр ҳаво дода, мақоми дуюмро касб кард ва соҳиби медали нуқра гардидааст. Рақиби аслиаш Павел Фаҷдеки поляк бо натиҷаи 80.88 метр ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфта буд.

Дилшод Назаров моҳи июли соли равон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки дар шаҳри Бҳубанешвари Ҳиндустон доир шуд, бо натиҷаи 76 метру 69 сантиметр мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло сарфароз гашт.

Натиҷаи беҳтаринаш дар мавсими имсола 77.81 метр мебошад, ки ӯ бо ин нишондод дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех мақоми чаҳорумро касб кардааст.

Бояд зикр кард, ки дар чемпионати ҷаҳон беш аз ду ҳазор варзишгари зиёда аз 200 кишвари ҷаҳон барои 47 маҷмӯи медалҳо то 13 август мубориза мебаранд.

Баъди натиҷагирии шаш рӯзи мусобиқа дар ҳисоби умумидастаӣ дастаи мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 15 медал (4 тилло, 5 нуқра ва 6 биринҷӣ) дар мақоми аввал аст. Кения бо 7 медал (3-1-3) дар мақоми дуюм ва Африқои Ҷанубӣ бо  4 медал (2-0-2) дар мақоми сеюм қарор доранд.

 

 

Август 10, 2017 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«Регар-ТадАЗ» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27 роҳ ёфт
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2026. Дастаҳои «Равшан» – «Хуҷанд» ва «Эсхата» – «Сардор» ба даври нимниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) варзишгарони зиёда аз 70 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд
ВАРЗИШ — ПАЙКИ СУЛҲ, ДӮСТӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Ҳамоиши фарҳангию фароғатӣ ва варзишию солимгардонӣ доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Шаҳритус аз рӯи 13 намуди варзиш машғулият гузаронида мешавад
10 АВГУСТ — РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН. Теъдоди иншооти соҳаи варзиш беш аз 9 маротиба афзоиш ёфтааст
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати расмии ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу соҳиби 9 медал гардид
Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон дар семинари доварони элитаи КФО дар Тошканд иштирок намуданд
Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар семинар барои комиссарони нави бозиҳои CAFA иштирок карданд
ФУТБОЛ. Пагоҳ бозиҳои даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мегардад
Варзишгари ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнону румӣ соҳиби медали нуқра гардид