Дилшод Назаров барои медали тиллои Чемпионати ҷаҳон мубориза мебарад

Август 3, 2017 10:47

ДУШАНБЕ, 03.08.2017./АМИТ «Ховар»/. Дилшод Назаров, дорандаи медали тиллои Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия, дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки аз 4-ум то 13-уми август дар  пойтахти Британияи Кабир баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.
Дилшод Назаров дар арафи ин мусобиқаи бонуфуз дар суҳбат бо Радиои «Озодӣ»  чунин иброз доштааст:  «Дар варзиш пешгӯӣ кардан мушкил аст, аммо умедворам, ки муваффақ мешавам.»
Тавре сомонаи расмии Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF) иттилоъ  додааст, дар  Чемпионати ҷаҳон дар Лондон беш аз  2000 варзишгар  аз 200 кишвари ҷаҳон барои 47 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд. Мусобиқаи интихобии гурзандозӣ рӯзи 9-уми август дар ду гурӯҳ баргузор мешавад. Даври ниҳоӣ рӯзи 11-уми август барпо мегардад.
Дилшод Назаров дар  Чемпионати гузаштаи ҷаҳон оид ба  варзиши сабук, ки соли 2015 дар шаҳри Пекин баргузор шуда буд, гурзро ба масофаи 78 метру 55 сантиметр ҳаво дода,  ҷои дуюмро соҳиб шуд ва соҳиби медали нуқра гардид. Натиҷаи нишондодаи Дилшод Назаров дар Олимпиадаи Рио-2016 78,68 метр мебошад.
Дилшод Назаров моҳи июли соли равон дар  Чемпионати  Осиё, ки дар шаҳри Бҳубанешвари Ҳиндустон баргузор шуд, бо натиҷаи 76 метру 69 сантиметр соҳиби ҷои аввал ва медали тилло гардид.  Ин натиҷа ба ӯ имкон дод, ки меъёри муқарраршударо иҷро карда, ба ҳаққи иштирок дар  Чемпионати дарпешистодаи ҷаҳон мушарраф шавад.

Август 3, 2017 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд