Эмомалӣ Раҳмон: «Идро ба тӯй ё зиёфат табдил додан хоси мардуми қадимиву фарҳангии мо нест»
ДУШАНБЕ, 9.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Баъд аз чанд рӯзи дигар Иди саиди Қурбон, ки аз ҷумлаи маросимҳои суннатии мардуми мусулмони мо мебошад, фаро мерасад. Ҳангоми ба ҷо овардани маносик ва анъанаҳои ид як нуктаи муҳимро фаромӯш набояд кард, ки қурбонӣ кардан танҳо ба шахсони дорои шароиту имкониятҳои молӣ воҷиб аст. Ин нукта имрӯз зимни суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон баён гардид.
Сарвари давлат ҳамчунин таъкид намуданд, ки касоне, ки имконияти зарурӣ надоранд, бо изҳори муносибати нарму инсонӣ ва одобу ахлоқи намунавӣ аз савобу баракати ин ид баҳравар мешаванд. Ҳангоми баргузории иди Қурбон расонидани хайру садақа ба ниёзмандон аз анъанаҳои писандидаи ин ҷашн аст.
«Масъалаҳои ахлоқиву тарбиявӣ ва ҳикмати ҳамдигарро дастгирӣ намудан асоси таълимоти дини мубини ислом, ҳадисҳои пайғамбари Худо ва фатвоҳои фақеҳони мазҳаби ҳанафиро ташкил медиҳад. Тибқи ин гуфтаҳо қурбонӣ кардан ба ҳама, хусусан ба онҳое, ки имконияти моддии зиёд надоранд, серфарзанд ҳастанд ва масъулияти сарпарастии чандин касро ба зимма доранд, шарт нест»,- тавзеҳ доданд Пешвои миллат.
Зикр карда шуд, ки шахсони дорову тавонгар, яъне онҳое, ки имконияти молиявии кофӣ доранд, бояд садақаи қурбонии худро маҳз ба чунин оилаҳо, ятимону маъюбон ва муҳтоҷону камбизоатҳо диҳанд.
Президенти мамлакат вобаста ба ин масъала таъкид намуданд, ки «ҳангоми омодагӣ ба ид ва оростани дастархони идона ба зиёдаравию зоҳирпарастӣ ва хароҷоти беҳуда роҳ набояд дод. Дар хотир бояд дошт, ки идро ба тӯй ё зиёфат табдил додан хоси мардуми қадимаву фарҳангии мо нест».








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






