Эмомалӣ Раҳмон: «Падару модарон, омӯзгорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба тарбияи фарзандон кам аҳамият медиҳанд»
ДУШАНБЕ, 9.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон баён намуданд, ки солҳои охир бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил ва таъмини муассисаҳои таълимии мамлакат, аз ҷумла ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон бо китобҳои дарсӣ, лавозимоти хониш ва техникаву технологияҳои муосир корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Танҳо дар се соли охир барои хонандагони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёда аз 2000 ҷойи нишаст муҳайё карда шудааст.
Ба иттилои Пешвои миллат, агар соли 2012 ба соҳаи маорифи ноҳияи Хуросон 12 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли равон ба 30 миллион сомонӣ расидааст.
«Дар ноҳия то соли 2015-ум 19 муассисаи таълимӣ бо 5800 ҷойи нишаст ба маблағи беш аз 18 миллион сомонӣ ва танҳо соли гузашта 4 бинои муассисаи таълимӣ барои 1450 нафар хонанда ба истифода дода шудааст.
Илова бар ин, дар доираи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Хуросон барои солҳои 2016-2020 ва Барномаи рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021 бунёду навсозии 24 муассисаи таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ пешбинӣ гардидааст»,-иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамчунин Сарвари давлат таъкид намуданд, ки Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Хуросон вазифадоранд барои зиёд намудани шумораи муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимии хусусӣ, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва ҷалби омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисос тадбирҳои иловагӣ андешида, ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ, хусусан омӯзгорони забонҳои хориҷӣ ва фанҳои дақиқ чораҷӯӣ намоянд. Чунки сатҳу сифати таълим дар ҳар ду ноҳия ҳоло ҳам ба талабот ҷавобгӯй набуда, падару модарон, омӯзгорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба тарбияи фарзандон кам аҳамият медиҳанд.
«Мутаассифона, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» кам ташвиқ гардида, волидайн нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон кам таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд»,- илова намуданд Пешвои миллат.








Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд






