Фарзандони бинокорону омӯзгорон дар лагери тобистона ройгон истироҳат мекунанд
ХОРУҒ, 09.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Шӯрои иттифоқи касабаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 85 нафар кӯдакону наврасон аз оилаҳои бинокорону омӯзгорон барои истироҳат ба лагери «Саодат»- и деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнон фиристода шуданд. Сардори Шӯрои вилоятии иттифоқҳои касаба Марзия Некпаева гуфт, ки «ин кӯдакону наврасон дар муддати даҳ рӯз истироҳат мекунанд ва ҳам мувофиқи шавқу завқашон ба давраҳои омӯзишӣ ва намудҳои гуногуни варзишӣ ҷалб карда мешаванд. Сардорони гурӯҳҳоро аз байни донишҷӯёни донишгоҳҳои олии кишвар интихоб кардем ва бештари онҳо дар баробари забони давлатӣ бо забонҳои русию англисӣ озодона суҳбат мекунанд. Ҳамарӯза дар чаҳорчӯби барномаи вижаи ахлоқию тарбиявӣ ба кӯдакону наврасон тарзи муоширату муносибат бо калонсолон, рафтору гуфтор дар хона ва ҷойҳои ҷамъиятӣ омӯзонида мешавад. Ногуфта намонад, ки ҳангоми дарсҳо ба кӯдакону наврасон низ имконият дода мешавад, ки дар доираи мавзӯъ фикру ақидаи худро баён намоянд».
«Саодат» калонтарини лагери вилоят ба шумор рафта, дар як баст то 150 нафар истироҳаткунандагонро қабул карда метавонад. Ин лагер дар аввали солҳои шастум таъсис ёфта, баъди аз ҳам пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ чандин сол бекор монд. Бо кумаку дастгирии Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят ва хадамоти маорифи Бунёди Оғохон он дубора фаъол гардида, хобгоҳу ошхона ва синфхонаҳои он навсозӣ шуданд.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






