ФУТБОЛ: «Вахш» дар доираи бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон бар дастаи «Регар-ТадАЗ» пирӯз шуд
ДУШАНБЕ, 21.08.2017 /АМИТ«Ховар»/. Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар бозии даври 17-ум бар дастаи мизбон- «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Голҳоро дар ин вохӯрӣ Умарҷон Шарифов дар дақиқаи 35-ум ва Отабек Каримов дар дақиқаи 72-юм ба ҳадаф расонданд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, баъди ин ғалаба дастаи футболи «Вахш» дар ҷадвали мусобиқа ба зинаи панҷум баромад. Бозии дигар миёни дастаҳои «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ ва ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби мусовӣ- 1:1 ба поён расид.
Дар ҳамин ҳол дастаи футболи «Истиқлол» дар ҷадвали умумии мусобиқот мавқеи худро боз ҳам устувор намуд. Барои маротибаи 6-ум дастёб шудан ба унвони чемпиони Тоҷикистон «Истиқлол»-ро зарур аст аз 6 бозии оянда танҳо 4 имтиёзи дигар ба даст орад. Дастаи ССКА «Помир» бо 29 имтиёз дар мақоми дуюм ва «Хуҷанд» бо 27 имтиёз дар мақоми сеюм қарор доранд. Ҳарду даста барои медалҳои нуқраву биринҷӣ мубориза мебаранд.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври 18-уми мусобиқаи лигаи олӣ 23 август баргузор мешаванд. Дар ин давр дастаи «Вахш» бо ССКА «Помир», «Барқчӣ» бо «Панҷшер» ва «Регар-ТадАЗ» бо «Ҳосилот» бозӣ мекунанд.








Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд






