«ХУШ ОМАДЕД, МЕҲМОНОНИ БАДАХШОН!” Дар вилояти Суғд Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 22.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, аз 21 то 26 августи соли равон дар вилояти Суғд Ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мешавад.
Аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, ки 21 август иштирокчиёни Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ- ро сокинони ноҳияи Айнӣ зери садои карнаю сурнай бо нону асал гарму самимӣ истиқбол намуданд.
Меҳмонони бадахшонӣ дар назди муҷассамаи шоири маъруфи тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ гулдастаҳо гузошта, мақбараи шоирро зиёрат намуданд. Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ барномаи фарҳангӣ таҳти унвони «Хуш омадед, меҳмонони Бадахшон» манзури иштирокдорон карда шуд. Пас аз анҷоми барномаи фарҳангӣ беш аз 800 нафар меҳмонони ВМКБ дар ҳайати чор гурӯҳ аз ноҳияи Айнӣ ба шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан ва ноҳияи Ҷаббор Расулов сафар карданд.
Тибқи барномаи ҳафтаи фарҳангӣ имрӯз, 22 август, меҳмонони ВМКБ дар шаҳри Хуҷанд аз Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», маркази таълимӣ-истеҳсолии «Дугонаҳо» боздид менамоянд.
Гурӯҳи дуюми меҳмонон, ки дар шаҳри Панҷакент қарор доранд, дар маҳфили ҷавонон иштирок намуда, дар Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент намоиши театриро пешниҳоди сокинони Панҷакент менамоянд. Ҳамзамон дар назар аст, ки меҳмонон аз Осорхонаи ҷумҳурияӣ-таърихӣ ва кишваршиносии ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва мавзеи таърихии Саразм боздид намуда, дар маҳфили адибон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71 шаҳр ва барномаи фарҳангӣ дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ иштирок намоянд.










Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад






