Ифтитоҳи сардхонаи замонавӣ дар Ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Бохтар

Август 16, 2017 08:47

ДУШАНБЕ, 16.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи сардхонаи замонавӣ иштирок карданд.

Сардхона барои нигоҳдории маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар Ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Бохтар дар асоси вазифагузориҳои пайвастаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон бунёд гардида, ҳаҷми ғунҷоиши иншооти мазкур 2000 тонна мебошад.

Иншооти мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Назарбек Шарифов тавассути сармоягузории хориҷӣ сохта шуда, мақсад аз он дар фаслҳои тирамоҳу зимистон таъмин намудани аҳолӣ бо меваю сабзавоти тару тоза мебошад, ки ин раванд ба танзими нарху наво дар бозори истеъмолӣ низ мусоидати фаъол мекунад.

Дастандаркорони ин ташаббус хабар доданд, ки арзиши лоиҳавии ин сардхона 2,5 миллион сомонӣ буда, он дар давоми як сол бунёд ёфтааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иқдоми соҳибкорро намунавӣ хонда, бобати бештар кардани теъдоди чунин сардхонаҳо дар ҳудуди ноҳияи Бохтар ва дигар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон масъулонро вазифадор карданд. Зеро вилояти Хатлон аз минтақаи калидии аграрии Тоҷикистон буда, таъминоти аҳолии ҷумҳурӣ бо аксар номгӯи маҳсулот аз ҳамин минтақа бастагии амиқ дорад.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти “Заргар” дар намоиши маҳсулоти кишоварзии хоҷагидорону барзгарони ин ноҳияи калони аграрии ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Дар намоишгоҳ намунаҳои дастранҷи деҳқонон ва дастовардҳои ҷомеаҳои меҳнатии ноҳияи Бохтар ба маърази тамошо гузошта шуд. Зикр гардид, ки айни замон дар ноҳияи Бохтар 1917 хоҷагӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин теъдод 1861 адад хоҷагии деҳқонӣ, 4 адад хоҷагии ёрирасони тухмипарварӣ, 6 ширкати аграрӣ, 4 хоҷагии давлатӣ, 37 хоҷагии ҷамъиятӣ ва 5 ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд фаъолият менамоянд.

Кишоварзони ноҳия намунаи ҳосили ғалладона, сабзавоту полезӣ, мевагиҳо ва маҳсулоти занбӯри асалро ба намоиш гузоштанд, ки басо диданӣ буд. Маҳсулоти ба намоиш гузошташуда гувоҳӣ аз он медод, ки хоҷагидорону барзгарони ин ноҳияи калони вилояти Хатлон дар пайгирӣ аз дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумат ба нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ноил гардидаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, ноҳияи Бохтарро аз зумраи минтақаҳои фаъол дар самти таъмини амнияти ғизоӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ арзёбӣ карда, фаъолияти босамари деҳқонони кордон ва сокинони меҳнатқарини онро, ки дар истифодаи мақсадноки неъматҳои табиӣ, аз ҷумла обу замин пешқадам мебошанд, намунаи ибрат маънидод карданд.

Як гӯшаи дигари намоишгоҳро дастовардҳои саноатчиёни ноҳия оро медод. Бояд зикр намуд, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи саноат ҳам дар ноҳияи Бохтар рушди тадриҷӣ пайдо кардааст. Вобаста ба он ки соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия хеле тараққикарда аст, фаъолияти аксари корхонаҳои саноатӣ ҳам ба коркарди маҳсулоти ҳамин соҳа нигаронида шудааст, яъне стратегияи давлатии табдил додани ҷумҳурӣ ба кишвари индустриаливу аграрӣ дар ин ноҳия тадриҷан амалӣ мешавад.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар маҷмӯъ дар шаш моҳи сипаришудаи соли равон дар ноҳияи Бохтар дар ҳаҷми бештар аз 53 миллиону 863 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст. Ҳамин тариқ дар намоишгоҳ маҳсулоти истеҳсолкардаи ширкатҳои ҶДММ “Бохтар – Инвест — Коттон”, ҶДММ “Коттон-Ансор”, ҶДММ “Ресандаи Хатлон”, ҶДММ “Муъмин-Коттон” ҶСШП “Мину — Фарм” ва амсоли ин ба маърази тамошо гузошта шуда буд.

Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти босамари корхонаҳои саноатиро ҳамчунин як воситаи муҳими таъмини мардум бо ҷойи кори доимӣ номида, аз саноатчиёни ноҳия даъват ба амал оварданд, ки сифати маҳсулоташонро боз ҳам беҳтар ва ба талаботи бозори ҷаҳонӣ мутобиқ гардонанд. Зеро маҳз сифати баланд ва намои зебои маҳсулот кафолати асосии таъмини фаъолияти бонизоми ҳар як корхонаи саноатӣ мебошад.
Ифтитоҳи сардхонаи замонавӣ дар Ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Бохтар 16.08.2017

Август 16, 2017 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Тайиланд Маҳа Вачиралонгкорн (Рама X) барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара мавзеи нави саноатиро бо 3 коргоҳи истеҳсолӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара 3 бинои дуошёнаи истиқоматӣ барои омӯзгоронро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара кӯдакистони №11 ва 8,5 километр роҳҳои дохилиро тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 88-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Қасри фарҳанги деҳаи Пушингро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Ҷамоати деҳоти Пушингро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара бинои Муассисаи томактабии «Гулистон»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара чор гармхонаи хоҷагии деҳқонии Восеъро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара корхонаи парандапарварии ҶДММ «Парандаи Пушинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №89-ро мавриди истифода қарор доданд