Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 03.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. 3 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо рафти сохтмон ва омодасозии иншооти муҳими фарҳангӣ — Театри миллӣ шинос шуданд.
Зимни боздид роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва мутахассисони масъул ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки то имрӯз корҳои асосии сохтмонӣ анҷом ёфта, ороишу омодасозии даруни бино ва бастубанди техникаю таҷҳизот дар толорҳои театр идома дорад.
Зикр гардид, ки дар бунёду таҷҳизонидани бинои Театри миллӣ, ки яке аз иншооти асосии ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба шумор меравад, аз беҳтарин маводи сохтмону ороиш ва техникаю таҷҳизот истифода мешавад.
Аснои боздид Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарону мутахассисони масъул ва устоҳои гулдасти тоҷик барои бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муаяншуда ба анҷом расондани корҳо дастуру тавсияҳо доданд.
Тавре таъкид гардид, Театри миллӣ, ки аз ҷузъҳои муҳимтарини ансамбли биноҳои маъмурию фарҳангии маркази шаҳри Душанбе ба мисли Қасри миллат, Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ, боғҳои Нишон ва Парчами давлатӣ ва майдони Дӯстӣ бо пайкараи шоҳ Исмоили Сомонӣ мебошад, бо пурра омода гаштанаш ба пойтахти кишвари азизамон ҳусну таровати тоза зам менамояд.
Дар баробари ин, Театри миллӣ макони баргузории беҳтарин чорабиниҳои сиёсию иҷтимоӣ, фарҳангию маърифатӣ ва муаррификунандаи шоистаи таъриху фарҳанги пурғановати тоҷикон хоҳад буд.









Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия






