Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд

Март 31, 2026 12:50

ДУШАНБЕ, 31.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 31 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара баъд аз ба истифода додани кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт» дар ҳамин ҷо ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд.

Нахуст гулгашти Парчами давлатӣ дар деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо сутунпояи баландиаш 53 метр ифтитоҳ ёфт.

Се муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 360 кӯдак дар деҳоти Ворух ва Хоҷаи Аъло ба фаъолият оғоз намуданд, ки ин иқдом дар самти фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ ва тарбияи насли наврас аҳамияти муҳим дорад.

Дар идомаи тадбирҳо зеристгоҳи барқии «Исфара-1» дар доираи лоиҳаи «CASA-1000» мавриди истифода қарор гирифт, ки он дар таҳкими амнияти энергетикӣ ва таъмини устувори неруи барқ барои аҳолӣ ва бахшҳои истеҳсолӣ нақши муҳим хоҳад дошт.

Ҳамчунин дар деҳоти Чоркӯҳ коргоҳи дӯзандагӣ ва маркази хизматрасонии тиббӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки 40 сокини маҳаллӣ бо  кори доимӣ таъмин гардиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватандӯсти Исфара пешниҳод намуданд, ки бо ҳисси баланди масъулият тадбирҳои ободониро вусъат бахшида, барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд ва ҷашни бузурги миллӣ-35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоянд.

Ифтитоҳи фосилавии 6 иншоот дар кони Ангишти шаҳри Исфара 31.03.2026

Март 31, 2026 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд