Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 30.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 30 март Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро, ки бо саҳми соҳибкорони ватандӯст бунёд шудаанд, ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Нахустин иншооте, ки дар ин рӯз ифтитоҳ гардид ин коргоҳи забҳ ва бастубанди гӯшти паррандаи Ҷумъабой Мирзо бо иқтидори 5-6 ҳазор сар паранда дар як шабонарӯз мебошад.
Иншооти мазкур дар ҳудуди деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ дар масоҳати 2,0 гектар замин бунёд гардида, аз иншооти истеҳсолӣ, биноҳои маъмурӣ, сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулот ва инфрасохтори ёрирасон иборат мебошад. Коргоҳ бо таҷҳизоти муосир таъмин гардида, раванди истеҳсолот бо истифода аз технологияҳои муосир ба роҳ монда шудааст. Истеҳсоли маҳсулот дар ин коргоҳ мутобиқ ба талаботи санитарӣ сурат мегирад.
Ҳамзамон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти коргоҳи парандапарварии Илёс бо иқтидори истеҳсоли 500 тонна гўшти паранда дар як сол оғоз бахшиданд. Ин коргоҳи истеҳсолӣ дар ҳудуди шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ бунёд гардида, аз ду бинои асосии истеҳсолӣ, биноҳои маъмурӣ ва инфрасохтори ёрирасон иборат мебошад.
Биноҳои истеҳсолии коргоҳ барои парвариши то 40 ҳазор сар паранда пешбинӣ гардидаанд. Дар корхона шароити муосири нигоҳубин, ғизодиҳӣ ва парвариши парандаҳо фароҳам оварда шудааст. Ҳоло, дар коргоҳ 10 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Ифтитоҳи корхонаи парандапарварии соҳибкори инфиродӣ Сино Раҳимов бо иқтидори истеҳсоли 400 тонна гӯшти паранда дар як сол ва 10 ҷойи корӣ дар деҳоти Оббурдон аз иқдомҳои навбатии соҳибкорон мебошад.
Бояд зикр намуд, ки иншоот аз биноҳои истеҳсолӣ, маъмурӣ ва инфрасохтори ёрирасон иборат аст.
Бино бо риояи талаботи муосири сохтмонӣ ва технологӣ бунёд гардида, барои рушди минбаъдаи соҳаи парандапарварӣ дар минтақа заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Дар бинои истеҳсолии коргоҳ имкон аст, ки ҳамзамон то 15 ҳазор сар паранда парвариш ёбад.
Қобили зикр аст, ки коргоҳ бо истифода аз технологияҳои муосир, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудааст, фаъолият менамояд ва бо мавриди истифода қарор гирифтани он 10 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳо аз ташаббусҳои амалинамудаи соҳибкорон хуш истиқбол намуда, таъкид карданд, ки бояд чунин коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, ки дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти баландсифати ватанӣ замина мегузоранд, ҳарчи бештар бунёд карда шаванд.
Соҳибкорони ватандӯсти кишвар кӯшиш намуда истодаанд, ки бо бунёди иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла коргоҳу корнаҳои истеҳсолӣ, ҳаҷми истеҳсолотро афзун намуда, ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро дар сатҳи баланд таҷлил намоянд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд






