Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд

Март 31, 2026 12:35

ДУШАНБЕ, 31.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 31 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи азнавбарқарорсозии кони №8-и Шуроб бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд амалӣ гардида, дар доираи он хатҳои истеҳсолӣ ва иншооти муҳими соҳавӣ таҷдиду навсозӣ шудаанд. Ҳоло дар татбиқи лоиҳа зиёда аз 700 кас фаъолият дошта, тибқи нақша, шумораи кормандон, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ,  марҳила ба марҳила зиёд карда мешавад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар оянда, бо расидани марҳилаҳои нав, ҳаҷми истихроҷи ангишт тадриҷан афзоиш ёфта, соли 2026 то 200 ҳазор тонна, соли 2027 то 700 ҳазор тонна ва соли 2028 ба зиёда аз 1 миллион тонна дар як сол расонида мешавад. Ҳоло дар корхона 700 кас фаъолият намуда, оянда шумораи ҷойҳои корӣ ба 1500 мерасад.

Ҳамзамон дар доираи лоиҳа инфрасохтори муҳими истеҳсолӣ, аз ҷумла ҳавзҳои оби нӯшокӣ, шабакаи обрасонӣ, биноҳои маишиву хизматрасонӣ ва зеристгоҳи барқӣ бунёд гардида, барои фаъолияти самараноки корхона ва беҳтар гардидани шароити иҷтимоии кормандон заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Бинои хобгоҳ барои 700 коргар ва инчунин бинои маъмурии хизматрасонӣ бо ҳуҷраҳои кории муҷаҳҳаз мутобиқ ба талабот бунёд гардидааст. Дар бинои асосӣ толори маҷлисӣ барои баргузории ҷаласаҳои  корӣ муҳайё буда, дар саҳни он майдончаи варзишӣ ҳам сохта шудааст. Ҳамзамон, бо мақсади зебо гардондани муҳити атроф дар саҳни бино дарахтони сояафкан ва гулҳои ороишӣ шинонида шудаанд.

Ҳоло фаъолияти кони ангишти №8 ба таъмини талаботи бозори дохилӣ бо ангишти ватанӣ ва рушди саноати кӯҳӣ равона гардида, ба истифода додани он дар доираи сиёсати саноатикунонии босуръати кишвар ба афзоиши истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими иқтидори энергетикии кишвар мусоидат менамояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки фаъолияти корхонаро боз ҳам тақвият бахшида, барои рушди минбаъдаи соҳа ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ саҳми назаррас гузоранд.

Ба истифода додани кони ангишти №8 дар шаҳри Исфара 31.03.2026

Март 31, 2026 12:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 8 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд