Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар маҷаллаи Аморатҳои Муттаҳидаи Араб муаррифӣ мегарданд
ДУШАНБЕ, 26.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи мамлакат аз ҷониби Кумитаи навтаъсиси рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ тадбирҳо андешида мешаванд.
Аз ҷумла, ҷиҳати муаррифии соҳаи сайёҳӣ ба мамлакатҳои ҷаҳони араб вохўрии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нуъмон Абдуғаффорзода бо муҳаррири маҷаллаи «Молия ва Тиҷорат»-и Амороти Муттаҳидаи Араб Файсал Абу Мезайд ва гуруҳи эҷодии ин маҷалла баргузор гашт.
Зимни вохурӣ оид ба ислоҳоти бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалигашта дар самти рушди сайёҳӣ маълумот дода шуда, имкониятҳои сайёҳии кишвар муаррифӣ гардиданд.
Ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар саҳифаҳои маҷаллаи мазкур ва дигар васоити ахбори оммаи Амороти Муттаҳидаи Араб мунтазам муаррифӣ карда мешаванд.
Чорабиниҳои мазкур барои шиносоӣ аз имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва ҷалби васеи сайёҳони Амороти Муттаҳидаи Араб ва дигар кишварҳои арабӣ мусоидат хоҳад намуд.








Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ






