Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи гарм дар назар аст
ДУШАНБЕ, 5.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 5 август дар бештари минтақаҳои кишвар ҳаво тағйирёбанда боқӣ монда, дар баъзе ҳолатҳо чангу ғубор пешгӯӣ мешавад.
Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят ҳаво шабона 13-18 ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилояти Бадахшон гармии ҳаво шабона ба 4-9 ва рӯзона ба 17-22 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Хатлон гармии ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона 35-40 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар вилояти Суғд шабона 18-23 ва рӯзона 34-39 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, гармии ҳаво шабона ба 17-22 ва рӯзона ба 34-39 дараҷа мерасад.
Дар Душанбе ҳарорати ҳаво шабона 18-20 ва рӯзона 36-38 дараҷа муайян карда шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






