Исфара: гурӯҳи 30-нафараи волидайн ба аёдати сарбозон рафтанд
ДУШАНБЕ, 02.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз шаҳри Исфараи вилояти Суғд 30 нафар волидайни ҷавонписароне, ки ҳоло дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат мекунанд, ба аёдати фарзандонашон сафарбар карда шуданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Дар ин сафар волидайни сарбозонро намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, шуъбаи рушди иҷтимоиёт ва робита бо ҷомеа, шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ҳамроҳӣ намуданд.
Бино ба иттилои манбаъ, волидайни сарбозон тайи ду рўз аз 15 қисми низомии мустақар дар шаҳрҳои Душанбеву Ваҳдат ва ноҳияи Рўдакӣ боздид ба амал оварда, тавассути суҳбату мулоқот бо сардорони қисмҳои ҳарбӣ, сарбозон ва боздид аз макони хизмату истироҳати аскарбачаҳо аз аҳвол ва ҷараёни хизмати ҷавонписаронашон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ огаҳӣ пайдо намуданд.
Волидайн фарзандонашонро бардаму солим, обутобёфта ва бо чеҳраҳои хуррам дида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғамхории ҳамарўза дар ҳаққи сарбозон сипосгузорӣ намуданд.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






