Истам Шарифов ва Анастасия Турсунова ғолибони Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис гардиданд
ДУШАНБЕ, 28.08.2017. /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 то 27 августи соли равон дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Бино ба иттилои сардовари мусобиқаи мазкур Абдурасул Муҳиддинов, дар мусобиқа наврасон аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Россия, Украина, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Туркия иштирок намуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар мусобиқа байни писарон ҷои аввалро Истам Шарифов аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойи дуюмро Хушбахт Каримов аз Тоҷикистон ва ҷойи сеюмро Саид Акбаров аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон сазовор гардиданд.
Миёни духтарон Анастасия Турсунова аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирифтани мақоми аввали мусобиқа сарфароз гардид. Ҷойи дуюмро Наргис Яҳёева ва ҷойи сеюмро Камила Муллоева сазовор гардиданд.
Ба ғолибони ҷои аввал (духтарон ва писарон)-и мусобиқаи мазкур 7000 сомонӣ, барои ҷои дуюм 5600 сомонӣ, барои ҷои сеюм 3500 сомонӣ, барои ҷои якум, дуюм ва сеюми ҷуфти духтарон ва писарон мутаносибан 3500, 2800 ва 1750 сомонӣ мукофот дода шуд.
Бояд гуфт, ки мусобиқаи мазкур дар «Корти тенниси тобистона»-и КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» баргузор гардида, он ба рушди ин намуди варзиш дар ҷумҳурӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мусоидат менамояд.








Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд






